Маҳфили мубоҳисоти сиёсии «Дин ва ҷомеа»-и ҲХДТ дар Суғд

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар вилояти Суғд  маҳфили мубоҳисоти сиёсии ҷавонон дар мавзӯи «Дин ва ҷомеа» бо ҷалби коршиносони соҳа ва масъулину фаъолони ҳизбӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, мақсад аз созмон додани маҳфил тавзеҳи масоили динӣ  ва воқиф гардидани ҷавонон ба умқи масъалаҳои марбут ба масоили […]

ASIA-Plus



Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар вилояти Суғд  маҳфили мубоҳисоти сиёсии ҷавонон дар мавзӯи «Дин ва ҷомеа» бо ҷалби коршиносони соҳа ва масъулину фаъолони ҳизбӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, мақсад аз созмон додани маҳфил тавзеҳи масоили динӣ  ва воқиф гардидани ҷавонон ба умқи масъалаҳои марбут ба масоили динӣ мебошад.

«Чорабинии мазкурро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов ифтиттоҳ намуда, оид ба арзишҳои миллии тоҷикон, рушду нумӯи мафкураи миллӣ ва зиракии сиёсӣ, пешгирии роҳи бегонапарастии динии ҷомеа, дар хизмати халқ, ватан ва миллат будан, инчунин истифодаи ҷавҳари ахлоқии дини мубини Ислом суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки вазъияти сиёсӣ дар ҳама давру замон ба нерӯҳои гуногуне, ки онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат нақши муассир доранд, такя мекунад.  Чунин нерӯ имрӯз дар кишвар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад», – омадааст дар хабари сомонаи ҳизб.

Ба иттилои манбаъ, дар  маҳфил бо маърузаи пурмуҳтаво Аҳлиддин Юнусов – коршиноси масоили динӣ, аъзои маҳфили мубоҳисоти сиёсии назди Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ, Анвар Ҷалилов — муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Набиҷон Ҷӯраев – сардори маркази таблиғот ва иттилооти кумиҷроияи вилоятӣ баромад намуда, вобаста ба муносибати дин ба давлат, буҳрони идеологӣ ва маънавие, ки барои пайдо шудани фазои холӣ, холигии тафаккур замина гузошта метавонад, эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, баробарии ҳама дар назди қонун, эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқ суханронӣ намуданд.

Гуфта мешавад, қайд гардидааст, ки маҳз мавқеъгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳимоят аз арзишҳои дини Ислом ва интиқодҳояш аз мавридҳои исломситезӣ дар ҷаҳони Ғарб, дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил гардидани ҷашнвораи Бузургдошти 1310 солгарди мавлуди поягузори мазҳаби ҳанафӣ Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит бо тахаллуси Имоми Аъзам боис гардидааст, ки Сарвари тоҷикон ба Феҳристи “500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон” шомил гардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.