Афғонистон тарифҳо барои Покистон тибқи лоиҳа CASA-1000-ро коҳиш дод



Нашрияи


The Peninsula


-и Қатар иттилоъ медиҳад, ки Афғонистон тарифҳои транзити нерӯи барқ тибқи лоиҳаи Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100)-ро барои Покистон коҳиш дод. Ин лоиҳа аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтааст.

Мансабдори воломақоми ҳукумати Покистон дар ин робита изҳор доштааст, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳои байни вазирони молияи Покистону Афғонистон ва ҳамчунин сафири Кобул дар Покистон дар ин бора тавофуқ ҳосил шудааст.

Ҳамин тариқ, Кобул омодагӣ изҳор намудааст, ки тарифҳоро аз 2,5 сенти қаблан талабшуда то ба 0,99 сент поин фарорад. Нашрия менависад, ки тарифи транзити 2,5 сент ба 1 кВт/соат барои Покистон «ғайривоқеӣ» шуморида мешуд ва дар ин робита бо истинод ба арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, Покистон пардохти 0,56 сент барои 1 кв/вт/соатро пешниҳод намуд.

Нашрия менависад, ки «Кобул ба сифати иродаи нек нисбати ҳамсоякишвари дӯст ба гузаштҳо розӣ шуда, пешниҳод кард, ки барои транзити 1 кВт/соат нерӯи барқ Покистон маблағи 0,99 сент пардохт кунад».

Дар иттилои нашрия ҳамчунин зикр мегардад, ки дар ҷараёни сафари нахуствазири Покистон Навоз Шариф ба Тоҷикистон дар моҳи июн тавофуқ ҳосл шудааст, ки аз рӯи лоиҳаи CASA-1000 нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Покистон бо нархи 5,1 сент барои 1 кВт/соат интиқол дода мешавад.

Ба иттилои нашрия, нахуст Тоҷикистон нерӯи барқашро бо нархи 3,5 сент барои 1 кВт/соат фурӯхтанӣ будааст, вале баъдан арзиши онро то ба 7 сент боло бурдааст. Зимни сафари Навоз Шариф ба Тоҷикистон ҷонибҳо оид ба фурӯши барқи Тоҷикистон ба Покистон бо нархи 5,1 сент барои 1 кВт/соат ба мувофиқа расидаанд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) Тоҷикистону Қирғизистон уҳдадор мешаванд, ки муддати 15 сол дар мавсими тобистон (аз моҳи май то сентябр) ба Покистон дар ҳаҷми 1000 МВт ва ба Афғонистон 300 МВт нерӯи барқ интиқол диҳанд, ки дар панҷ моҳ 5 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад. Аз ин ҳаҷм интиқоли 2 млрд. кВт/соат ба дӯши Қирғизистон ва 3 млрд кВт/соат нерӯи барқ ба дӯши Тоҷикистон вогузор мегардад.

Арзиши умумии лоиҳаи CASA-1000 1 млрд. доллари ИМА арзёбӣ шуда, масофаи хатҳои интиқоли барқ тибқи лоиҳа 750 километрро ташкил медиҳад.

spot_imgspot_img

Популярное