Иштироки 8 намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии наврасон дар Чин

Дар Бозиҳои дуюми тобистонаи олимпӣ миёни  наврасон, ки рӯзҳои 16-28-уми август дар шаҳри Нанҷинги Чин доир мегардад, дастаи мунтахаби Тоҷикистонро 8 нафар варзишгарон дар 7 навъи мусобиқот намояндагӣ мекунанд. Бино ба маълумоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, чор нафари онҳо – Фирӯз Ёқубов оид ба гуштии озод дар вазни то 100 кг, Тоҳирҷон Охонов (вазни то […]

ASIA-Plus



Дар Бозиҳои дуюми тобистонаи олимпӣ миёни  наврасон, ки рӯзҳои 16-28-уми август дар шаҳри Нанҷинги Чин доир мегардад, дастаи мунтахаби Тоҷикистонро 8 нафар варзишгарон дар 7 навъи мусобиқот намояндагӣ мекунанд.

Бино ба маълумоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, чор нафари онҳо – Фирӯз Ёқубов оид ба гуштии озод дар вазни то 100 кг, Тоҳирҷон Охонов (вазни то 85 кг) ва Равзатулло Исоев (вазни то 42 кг) – ҳарду оид ба гуштии юнониву румӣ ва Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаи 3000 метр – соҳибони роҳхатҳо ба Бозиҳои дуюми тобистонаи олимпӣ гардидаанд.

«Чор нафари дигар – Фаррухи Салим оид ба дзюдо дар вазни 66-81 кг, Аниса Замирова оид ба камонварӣ, Карина Климик оид ба шиноварӣ ва Ҷаъфар Шерматов оид ба тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр дар Олимпиадаи наврасон аз рӯи квота ё саҳмия ширкат хоҳанд кард», – иттлоъ медиҳад Кумитаи милли олимпии ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, ба ҷуз варзишгарон, ба ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Бозиҳои дуюми тобистонаи олимпӣ 6 мураббӣ шомиланд: Абдурозиқ Олимов (гуштии варзишӣ), Ҷамшед Расулов (варзиши сабук), Носир Бозоров (дзюдо), Фирӯза Зубайдова(камонварӣ), Олег Набиев (тирандозӣ) ва Катерина Измайлова (шиноварӣ).

Дар иттилои Кумитаи ёдоварӣ мешавад, ки варзишгарони ҷавони тоҷик моҳи августи соли 2010-ум дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур ду медал ба даст овардаанд. «Баҳодур Қодиров дар риштаи гуштии озод дар вазни то 63 кг бо медали нуқра ва Шукрона Шарифова дар навъи таэквон-до ВТФ дар сабқати духтарон дар вазни то 44 кг бо медали биринҷӣ сарфароз гаштаанд», – омадааст дар хабари Кумита.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.