Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Нимаи аввали рӯз дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти суду прокуратураи кишвар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генралии Тоҷикистон доир мегардад; – Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарии Академияи улуми […]

ASIA-Plus



Анонс



– Нимаи аввали рӯз дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти суду прокуратураи кишвар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генралии Тоҷикистон доир мегардад;




Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарии Академияи улуми Тоҷикистон баргузор мешавад. Оғоз соати 11-00;

– Дар бинои корхонаи Хоҷагии манзилию коммуналӣ (кӯч. Н.Қарабоев, 56) оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти корхонаи мазкур  дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти матбуотӣ барпо мегардад. Оғоз соати 10-00;

– Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ доир мегардад. Оғоз соати 11-00.



Қ


урби


асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9430

сомонӣ;


1

евро –

6.7701

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1455

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


1925

– Таъсиси Агентии телеграфии Иттиҳоди Шӯравӣ (ТАСС). Феълан – ИТАР ТАСС.


2009

— Дар деҳаи Ҳоити ноҳияи Рашт дар маркази заминларза маҷмааи ёдбуди «Модари Ҳоит» боз гардид.


1913-1982

– Зодрӯзи арбоби давлатӣ Ҷаббор Расулов.


1914-1995

– Мавлуди академик Муҳаммадқул Нарзиқулов.


1926-2000

– Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Иброҳим Кобулиев.


1953

– Мавлуди файласуф, журналист Субҳон Кошонов, сардабири газетаи «Ҷумҳурият».


1959

– Зодрӯзи адабиётшинос Аъзами Яздонӣ.



Вазъи обу


ҳ


аво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +38+43, дар доманакӯҳҳо шабона +16+21, рӯзона +31+36.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +23+28.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +29+34.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +12+17, рӯзона +30+35;  дар шарқи вилоят шабона +1+6, рӯзона +17+22.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +38+40.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +38+40.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +40+42.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +32+34.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.