Раёсати бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ҷиҳати қисман таъмир намудани беморхонаи касалиҳои рӯҳии вилоятӣ аз раиси шаҳр рухсатнома дархост намудааст.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Фарҳод Собирзода, котиби матбуоти шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд гуфтааст, бахши ҳизб рӯзи 7-уми июл унвонии Зоҳидзода Додарҷон, раиси шаҳри Исфара мактуби расмӣ ирсол намудаанд, то иҷозаи раиси шаҳрро расман бигиранд ва дар моҳи августи соли равон таъмирро шурӯъ намоянд.
Гуфта мешавад, беморхонаи зикргардида дар деҳаи Лаккон ҷойгир буда, эҳтиёҷ ба таъмир дорад.



