Дар Исфара боз нооромӣ ба мушоҳида мерасад

Оғози сохтмони ду пул ва ҳамчунин роҳҳои мошингарди наздики он дар қитъаҳои баҳсноки марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар самти Исфара дар як вақт аз ҳарду ҷониб мавқуф гузошта мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар гуфтушуниди навбатии муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин […]

Аваз Юлдошев



Оғози сохтмони ду пул ва ҳамчунин роҳҳои мошингарди наздики он дар қитъаҳои баҳсноки марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар самти Исфара дар як вақт аз ҳарду ҷониб мавқуф гузошта мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар гуфтушуниди навбатии муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар марз, ки рӯзҳои 2-3-юми июл дар Бишкек таҳти сарварии муовини нахуствазирони кишварҳо Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев баргузор гардид, дар ин бора тавофуқ ҳосил шуда буд, вале зимни баррасии лоиҳаи сохтмони роҳҳои аллакай мувофиқашуда дар Қайроққум (7-уми июл), миёни ҷонибҳо мухолифат ба вуҷуд омад, зеро онҳо оид ба ҳалли ин мушкилот мавқеи ягона надоранд.

Ба иттилои манбаъ, ҷониби Тоҷикистон сохтмони роҳи нав дар самти Исфара – Ворух ба сифати қитъаи мустақилро пешниҳод дорад, ки назорат, идоракунӣ, хизматгузорӣ ва истифодаи онро танҳо Тоҷикистон ба дӯш мегирад, вале Қирғизистон бар ин назар аст, ки истифодаву назорати ин роҳ бояд аз ҳарду ҷониб таъмин гардад.

«Ҳанӯз 2-3-юми июл дар Бишкек ҷонибҳо нақшаи роҳҳои мошингарди Исфара – Ворух ва Кӯктош – Оқсой – Тамдик – Кишемишро мувофиқа карда буданд, вале дар Қайроққум ҷониби Қирғизистон мавқеи худро тағйир дод, ки метавонад ба нооромии вазъ дар марз оварда расонад», – зикр кард манбаъ.

Дар идома зикр гардид, ки Қирғизистон чандин маротиба кӯшиш ба харҷ дод, ки сохтмони роҳи мошингарди «Кӯктош – Оқсой – Тамдик – Кишемишро, ки рӯзи 11-уми январ ба муноқишаи мусаллаҳонаи ҷонибҳо боис гардида буд, аз нав барқарор намояд.

«Бо талаби боисрори Тоҷикистон сохтмони ин роҳ доимо боздошта мешавад, вале намояндагони кишвари ҳамсоя гоҳ-гоҳ изҳор мекунанд, ки сохтмони он бо ҳар арзише набошад, ба итмом расонида хоҳад шуд», – таъкид дошт сарчашмаи хабар.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти як манбаъ аз ҳукумати Исфара, маълумоти дар Қайроққум ба мувофиқа нарасидани ҷонибҳо дар сохтмони роҳро аҳолии маҳаллӣ бо яъсу ноумедӣ қабул кардааст, зеро ҳама медонанд, ки мушкилоти ҳалношуда дар ин масъала ба суботи вазъ дар марз мусоидат намекунад.

Зимнан зикр гардид, ки имрӯз ташрифи муовини нахуствазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ба Исфара дар назар буда, имрӯз ё пагоҳ баргузор шудани марҳилаи навбатии гуфтушунидҳои ҳайатҳои ҳукумати ҳарду ҷониб аз эҳтимол дур нест.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.