А.Раҳмон: Телесюжетҳо дар бораи муллоҳои ҷодугар маърака алайҳи ягон ҳизбе нест

– Бо пахши гузоришҳо дар бораи муллоҳои ҷодугар Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ мақсади бадномкунии ягон ҳизберо надорад, – изҳор намуд зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи мазкур Асадулло Раҳмон. «Мо шаҳрвандонро аз фаъолияти муллоҳое огоҳ карданием, ки бо такя ба Ислом ё Қуръон ба фиреби онҳо машғуланд, зеро ин муллоҳо имрӯз бадбахтии ҷомеа […]

Маҳпора Киромова



– Бо пахши гузоришҳо дар бораи муллоҳои ҷодугар Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ мақсади бадномкунии ягон ҳизберо надорад, – изҳор намуд зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи мазкур Асадулло Раҳмон.

«Мо шаҳрвандонро аз фаъолияти муллоҳое огоҳ карданием, ки бо такя ба Ислом ё Қуръон ба фиреби онҳо машғуланд, зеро ин муллоҳо имрӯз бадбахтии ҷомеа мебошанд ва мо бояд ин амалҳоро пешгирӣ намоем», – шарҳ дод А.Раҳмон.

Дар ҳамин ҳол, бино ба гуфтаи муовини раиси Кумита Самад Ҳикматов дар баробари қабули барномаҳои телевизиони Тоҷикистон тариқи антенаҳои оддиву моҳвораӣ, барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон акнун ба корбарони сомонаи интернетии Mediabay.tv низ дастрасанд. «Моҳи июн барномаҳои телевизиону радиои Тоҷикистонро тариқи ин сомона 94 ҳазору 186 нафар тамошову гӯш доданд, ки нисбат ба моҳи гузашта 17,73% бештар аст», – иброз дошт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки баронмаҳои телевизиону радиои Тоҷикистонро ассоан дар кишварҳое чун Русия, Қазоқистон, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Озарбойҷон, Олмон, ИМА ва Юнон тамошову гӯш мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.