Оғози Фестивали футбол барои кӯдакону наврасон дар Суғд

Бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон аз 1-ум то 8-уми август дар вилояти Суғд Фестивали футбол барои кӯдакону наврасон баргузор мешавад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд бо истинод ба Федератсияи футболи вилоят, баргузории фестивал дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба нақша гирифта шудааст. Ба иттилои манбаъ, фестивал санаи 1-уми август дар варзишгоҳи «20-солагии […]

ASIA-Plus



Бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон аз 1-ум то 8-уми август дар вилояти Суғд Фестивали футбол барои кӯдакону наврасон баргузор мешавад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд бо истинод ба Федератсияи футболи вилоят, баргузории фестивал дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба нақша гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, фестивал санаи 1-уми август дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» – и шаҳри Хуҷанд, 2-уми август дар ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров, 4-уми август дар шаҳри Исфара, 6-уми август дар шаҳри Истаравшан ва 8-уми август дар шаҳри Панҷакент баргузор мегардад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин чорабинӣ иштироки 1150 нафар писарону духтарон дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио