Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон дар Тоҷикистон 2,4% афзуд

Date:



Зимни нишасти хабарӣ прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода изҳор намуд, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби ноболиғон 468 ҷиноят содир шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 11 ҳолат ё худ 2,4% зиёдтар аст.

Дар ҳамин ҳол, ӯ қайд кард, ки тамоили сабти бештари ҷинояткорӣ миёни ноболиғон ба беҳтар шудани фаъолияти кормандони ниҳодҳои интизомӣ дар самти ошкор кардани ҷинояткорон марбут мебошад.

«Қобили зикр аст, ки мушкили асосӣ   дар ин самт ҷанҷолу занозанӣ ва муноқишаҳои дастаҷамъона миёни ноболиғон буда, мо талош дорем, ки ҳеҷ кадоме аз иштирокчиёни ин муноқишаҳо беҷазо намонанд, вале ба он такя хоҳем кард, ки миёни ноболиғон корҳои тарбиявӣ ба роҳ монда шаванд, чунки танҳо бо ҷазо наметавон ин падидаро аз байн бурд», – гуфт Салимзода.

Бо ёдоварӣ аз

ҳодисаи кордзанӣ

миёни хонандагони синфҳои болоии мактабҳои шаҳри Душанбе дар соли равон, ки бар асари он толибилми синфи 11-уми мактаби №66 Бурҳониддин Зарифов ба ҳалокат расид, прокурори генералӣ зикр кард, ки гунаҳкорони ин ҳодиса дар сурати собит шудани айбашон ҳатман муҷозот хоҳанд шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...