Медали биринҷии гуштигири тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалӣ

Искандари Рустам, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод дар Қазоқистон медали биринҷӣ ба даст овард.  Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар мусобиқаи 8-уми байналмилалӣ оид ба гуштии озод ба хотираи Динмуҳаммад Қунаев, ходими машҳури давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки дар шаҳри Тарази Қазоқистон рӯзҳои 25-27 июл баргузор шуд, Искандари Рустам, паҳлавони маъруфи тоҷик, […]

ASIA-Plus



Искандари Рустам, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод дар Қазоқистон медали биринҷӣ ба даст овард. 

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар мусобиқаи 8-уми байналмилалӣ оид ба гуштии озод ба хотираи Динмуҳаммад Қунаев, ходими машҳури давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки дар шаҳри Тарази Қазоқистон рӯзҳои 25-27 июл баргузор шуд, Искандари Рустам, паҳлавони маъруфи тоҷик, барандаи медали биринҷӣ гардид.

Искандар дар рақобатҳо дар вазни то 97 кг мақоми севумро касб кард. Инчунин Алихон Ҷумъаев аз Қазоқистон дар ҷойи севум қарор гирифт. Ҳарду ба ҷуз медалҳои биринҷӣ, бо ҷоизапулӣ ҳар кадом ба маблағи 1000 доллари ИМА мукофотонида шуданд.

Дар ин вазн Ёрмуҳаммад Инкор аз Қазоқистон ғолиб гашт ва бо медали тиллову 5000 доллар сарфароз гардид. Ба Дато Карашвили (Гурҷистон) барои ҷойи дувум медали нуқра ва 3000 доллар тақдим шуд.

Дар ин мусобиқа гуштигирони 9 кишвар – Италия, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Нигерия, Тоҷикистон, Узбакистон,  Украина ва Эрон – аз рӯи ҳашт дараҷаи вазнҳо (то 57 кг, 61 кг, 65 кг, 70 кг, 74 кг, 86 кг, 97 кг, беш аз 125 кг) рақобат карданд.

Дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби Қазоқистон, ки дар шаш вазн ғолиб шуд, мақоми аввалро азони худ кард. Гуштигирони Муғулистон, ки дар ду вазн медалҳои тилло гирифтанд, дувум шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст