East Air тариқи лизинг ҳавопаймои Airbus A320 дастрас кард

Date:



Ширкати ҳавопаймоии East Air тариқи лизинг як ҳавопаймои Airbus A320 дастрас намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ, дар ин бора бо яке аз шарикони туркӣ оид ба дастрас кардани ҳавопаймо шартномаи дарозмуҳлат ба имзо расидааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймо аз қайди амрикоӣ бароварда шуда, ба номи Тоҷикистон сабт шудааст. Ҳавопаймо бо рақами EY-624 ба қайд гирифта шудаааст. Макони ҷойгиршавии ҳавопаймо фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа буда, парвозҳо тибқи хатсайрҳои ширкати East Air-ро ба анҷом мерасонад.

Ширкати ҳавопаймоии East Air аз соли 2007 дар бозори Тоҷикистон фаъолият дорад. Айни замон ширкат парвозҳо аз фурудгоҳҳои шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Қазон, Новосибирск ва Оренбургро ба анҷом мерасонад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои истеҳсоли Ғарб – Boeing 737 ва Airbus A320 иборат аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...