Анҷоми муҳлати ваколати сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон



Рӯзи 4-уми августи соли равон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафир Эдуард Ауэрро бинобар анҷом ёфтани муҳлати ваколаташ ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон, зимни суҳбат раванди рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо тайи солҳои охир баланд арзёби гардид ва изҳори умед карда шуд, ки ҳамкориҳои гуногунпаҳлуи дуҷониба беш аз пеш густариш хоҳанд ёфт.

Гуфта мешавад, дар фарҷоми мулоқот Вазири корҳои хориҷӣ ба Эдурад Ауэр дар фаъолиятҳои ояндаи касбиаш муваффақиятҳоро таманно кард.

spot_imgspot_img

Популярное