Семинарҳои омӯзишии КМИР дар саросари ҷумҳурӣ

Аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) ва кормандони дастгоҳи КМИР Тоҷикистон дар ҳайати се гурӯҳ аз 10-уми август дар тамоми шаҳру навоҳии ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ бо фарогирии аъзои имконпазири комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ ва қитъавӣ семинарҳои омӯзишӣ баргузор мекунанд, зеро корҳои ташкили интихоботи парлумонии зимистони соли оянда маҳз ба дӯши аъзои комиссияҳои интихоботии […]



Аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) ва кормандони дастгоҳи КМИР Тоҷикистон дар ҳайати се гурӯҳ аз 10-уми август дар тамоми шаҳру навоҳии ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ бо фарогирии аъзои имконпазири комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ ва қитъавӣ семинарҳои омӯзишӣ баргузор мекунанд, зеро корҳои ташкили интихоботи парлумонии зимистони соли оянда маҳз ба дӯши аъзои комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ ва қитъавӣ вогузор мегардад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки иштирокчиёни семинар тағйироту иловаи тасдиқшуда ба дастурҳо «Дар бораи комиссияҳои интихоботии қитъавӣ», «Дар бораи комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ», «Дар бораи номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон», «Дар бораи тартиби баррасии арзу шикоят», «Дар бораи ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоби аъзои палатаи болоии парлумон» ва «Дар бораи санҷиши сатҳи дониши забони давлатии номзадҳо ба вакилӣ»-ро меомӯзанд.

«Ғайр аз ин, дар семинарҳо тағийроту иловаи нави марбут ба қонунгузории интихоботи кишвар, аз қабили кам шудани гаравпулии интихоботӣ, манъи раёсати намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҷлисҳои пешазинтихоботӣ, тартиби пур кардани протоколҳо низ мавриди омӯзиш қарор мегиранд», – иброз дошт Додоев.

Дар идома ӯ зикр кард, ки гурӯҳи сафарбаршуда ба ВМКБ-ро муовини раиси КМИР Тоҷикистон Саидбой Зокиров, гурӯҳи ноҳияҳои водии Раштро – аъзои КМИР аз Ҳизби аграрии ҷумҳурӣ Зиё Раҳмон, гурӯҳи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои водии Ҳисорро худи ӯ роҳбарӣ мекунанд.

Зимнан зикр гардид, ки нимаи дуюми моҳи сентябр чунин семинарҳо дар шаҳру навоҳии вилоятҳои Суғду Хатлон низ доир мегарданд.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, маъракаи интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳуриро президенти мамлакат на дертар аз 75 рӯз то анҷоми ваколатҳои вакилони палатаи поёнии парлумон, ки 28-уми феврали соли 2015 ба итмом мерасад, таъин мекунад. Интихобот ба маҷлисҳои маҳаллӣ дар як вақт бо интихобот ба палатаи поёнии парлумон сурат мегирад. Интихобот ба палатаи болоии парлумони Тоҷикистон пас аз 25 рӯзи баргузории интихоботи вакилон ба палатаи поёнии парлумон доир мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.