Саҳифаи раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, ки чанд рӯз қабл ифтитоҳ гардид, сохтакорӣ аст. Шодӣ Шабдолов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ин амали шахсони номаълумро метавон иғвогарӣ ном бурд.
Раиси ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар дар ифтитоҳи саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ ҳеҷ заруратеро намебинад. «Ман худро сиёсатмадори ба ҳама дастрас шуморида, ҳамеша тариқи ВАО андешаи худро оид ба ин ё он рӯйдоди дохил ва хориҷи кишвар баён мекунам ва ҳеҷ гоҳ аз суҳбат бо рӯзноманигорон рӯ наметобам, аз ин рӯ, ман ба ифтитоҳи саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ зарурате надорам», – иброз дошт ӯ.
Дар идома ӯ таъкид намуд, ки дар ин саҳифаи аз ҷониби бархе дар шабакаи Фейсбук аз номи ӯ бозгардида дар борааш маълумоти нодуруст дарҷ ёфтааст. «Масалан, ман хатмкардаи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон мебошам, на Донишоҳи давлатии Тоҷикистон, ки дар он ҷо чунин оварда шудааст. Ғайр аз ин, баъдан дар ин саҳифа аз номи ман изҳороту андешаҳои номақбулу беҳунаронае пайдо шуданд, ҳатто аз номи ман писари маро ба дӯст шудан даъват карданд», – изҳор кард сиёсатмадор.



