Таҳкими муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Малайзия

Рӯзи 8 сентябри соли 2014 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Малайзия Дато Сри Анифаҳ Ҳоҷӣ Амон, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои дӯст доираи васеи мавзӯъҳои муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, […]



Рӯзи 8 сентябри соли 2014 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Малайзия Дато Сри Анифаҳ Ҳоҷӣ Амон, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои дӯст доираи васеи мавзӯъҳои муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, туризм, маориф, энергетика ва рушди захираҳои башарӣ ва соҳаҳои фарҳангиву гуманитариро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо  инчунин роҷеъ ба масъалаҳои мубрами глобалӣ ва минтақавӣ табодули афкор карда, ҷиҳати таҳким ва густариши ҳамкории муштарак дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Бонки рушди Осиё, Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳои байналмилалии бонуфуз рағбати ду кишварро таъкид намуданд.

Музокирот дар фазои озод ва ҳусни эътимод, ки хоси муносибатҳои дустӣ ва ҳусни эҳтироми Тоҷикистону Малайзия  мебошад, ҷараён гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.