Шикояти сокинони ноҳияи Ҷомӣ ба вакил аз мушкилоти дастрасӣ ба манзил

Дар доираи вохӯриҳои вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар бо аҳолӣ, ки аз 15 то 25-уми сентябр дар саросари ҷумҳурӣ баргузор мешаванд, чанде қабл дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон вохӯрии вакил Маҳмадамин Ҳисориев бо интихобкунандагон доир гардид. Ба гуфтаи котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов, аксаран интихобкунандагон мусоидати вакилро барои дастрас кардани қитъаи […]

Аваз Юлдошев



Дар доираи вохӯриҳои вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар бо аҳолӣ, ки аз 15 то 25-уми сентябр дар саросари ҷумҳурӣ баргузор мешаванд, чанде қабл дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон вохӯрии вакил Маҳмадамин Ҳисориев бо интихобкунандагон доир гардид.

Ба гуфтаи котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов, аксаран интихобкунандагон мусоидати вакилро барои дастрас кардани қитъаи замин барои сохтмони манзил дархост намуданд.

«Ин дархости худро онҳо чунин маънидод карданд, ки дар манзилҳои кунунии онҳо, ки ҳанӯз аз замони Шӯравӣ мерос мондааст, якчанд оила зиндагӣ мекунанд ва ин ҳолат бисёр вақт ба ҷанҷолҳои оилавӣ, нофаҳмиҳо миёни барордарону хоҳарони як оила боис мегардад», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни мулоқот интихобкунандагон аз нархи пасти пахтаи парваридаашон низ нигаронӣ изҳор кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.