Ҷонибдории коммунистони тоҷик аз мавқеи Русия дар ҳалли муноқишаи Украина

Коммунистони Тоҷикистон дар робита ба рӯйдодҳои Украина изҳороти махсус қабул карданд, ки дар он аз мавқеи Русия дар ҳалли ин муноқиша ҷонибдорӣ мешавад. Котиби Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки коммунистони тоҷик бар ин назаранд, ки вақте нерӯҳои ғарбгаро ва фашистони нав дар Майдони […]

Аваз Юлдошев



Коммунистони Тоҷикистон дар робита ба рӯйдодҳои Украина изҳороти махсус қабул карданд, ки дар он аз мавқеи Русия дар ҳалли ин муноқиша ҷонибдорӣ мешавад.

Котиби Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки коммунистони тоҷик бар ин назаранд, ки вақте нерӯҳои ғарбгаро ва фашистони нав дар Майдони Киев ба бетартибиҳо даст задаву нобуд сохтани ҳамаи мухолифонашонро талаб доштанд, бо кадом сабабе ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва НАТО аз демократияву ҳуқуқи инсон ҳимоят накарданд. «Имрӯз мардуми минтақаи ҷанубу шарқи Украина барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ мубориза бурда, бидуни хоҳиши ИМА ва итифоқчиёнаш, мехоҳанд озодона ва бо майли худ кору зиндагӣ дошта бошанд», – иброз дошт ӯ.

«Мо, коммунистони тоҷик, қотеъона мавқеи Русия ва президенти он Владимир Путин дар ҳаллу фасли буҳрони Украинаро дастгирӣ мекунем», – изҳор намуд Талбаков.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки коммунистон дар тааҷҷубанд, ки чаро дар Украина манфиатҳои миллии ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва НАТО вуҷуд дошта метавонистаасту бо кадом сабабе Русия аз манфиатҳои худ дар ин минтақа ҳимоят карда наметавонистааст.

«Президиуми Кумитаи марказии ҲКТ Тоҷикистон аввали ҳафтаи равон ба унвони ҳаракатҳои коммунистӣ ва коргарии 165 кишвари дунё муроҷиатнома мунташир намуда, онҳоро ба ҷонибдорӣ аз Эъломияи СҲШ дар Душанбе, аз ҷумла оид ба масъалаи ҳалли буҳрони Украина даъват кард», – афзуд Талбаков.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.