Холдинги Издони Қатар дар Тоҷикистон бонк месозад

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳайати бонуфузи Давлати Қатарро, ки бо роҳбарии раиси Шӯрои директорони ҳолдинги Издон шайх Холид ибни Сонӣ оли Сонӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Қатар баррасӣ шуд. Шайх Холид ибни Сонӣ […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳайати бонуфузи Давлати Қатарро, ки бо роҳбарии раиси Шӯрои директорони ҳолдинги Издон шайх Холид ибни Сонӣ оли Сонӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Қатар баррасӣ шуд.

Шайх Холид ибни Сонӣ оли Сонӣ зимни ибрози ҳадафҳои ин ҳайати бонуфуз, аз ҷумла иттилоъ дод, ки Давлати Қатар омода аст бо Тоҷикистон дар бахшҳои бонкдорӣ, суғурта, тандурустӣ ва ҳам дар татбиқи лоиҳаҳои судбахши кишвари мо иштироки фаъол дошта бошад. Ба иттилои ӯ сохтмон ва фаъол гардондани як бонк, ки бо низоми бонкдории исломӣ фаъолият хоҳад дошт, як шифохонаи муосир ва дигар корҳо аз иқдомҳое мебошанд, ки барои татбиқи амалиашон аз ҷониби Қатар аллакай тасмим гирифта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳ ва муҳтавои ҳамкории Тоҷикистону Қатар баҳои баланд дода, изҳори бовар намуд, ки ҳолдинги Издон, дигар ширкатҳои бонуфуз ва ҳам сохторҳои гуногуни ин кишвар барои сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон тасмимҳои судбахш хоҳанд дошт, зеро заминаи мусоиди рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва ҳам фарҳангӣ миёни ин ду давлати дӯст муҳайё аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.