Шаҳри Истиқлол нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро барзиёд иҷро кард

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, дар рӯзи сеюми оғози маъракаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон  аз шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар)-и вилояти Суғд аз иҷрои нақшаи даъват мужда расониданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод. «Нақшаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар шаҳри Истиқлол 107% […]



Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, дар рӯзи сеюми оғози маъракаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон  аз шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар)-и вилояти Суғд аз иҷрои нақшаи даъват мужда расониданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод.

«Нақшаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар шаҳри Истиқлол 107% ба иҷро расида, қариб ҳама даъватшавандагон ихтиёран ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳозир шуданд», – таъкид дошт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзҳои нахусти оғози мавсими даъват ба хизмати ҳарбӣ дар баробари шаҳри Истиқлол, ноҳияи Носири Хусрав ва Балҷувони вилояти Хатлон низ аз уҳдаи иҷрои нақшаи даъват баромадаанд.

«Дар мавсими даъвати кунунӣ ба вазъи солимии сарбозони оянда ва сатҳи саводнокии онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад», – гуфтанд дар Вазорати мудофиаи ҶТ.

Ёрас мекунем, ки мутобиқи фармони президенти кишвар, маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 1-уми октябр оғоз гардида, 30-юми ноябри соли равон ба итмом мерасад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.