Э.Раҳмон: Амалишаваии барномаҳо дар Ҷиликӯл суст ҷараён дорад

Дар доираи сафар ба минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз аз ноҳияи Ҷиликӯл боздид намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президент дар маросими ифтитоҳи бинои нави беморхонаи марказии ноҳия, корхонаи асфалт, корхонаи дӯзандагӣ ва гузоштани хишти аввал ба таҳкурсии бинои мактаби таҳсилоти умумии №6 ширкат варзида, бо намунаҳои маҳсулоти […]



Дар доираи сафар ба минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз аз ноҳияи Ҷиликӯл боздид намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президент дар маросими ифтитоҳи бинои нави беморхонаи марказии ноҳия, корхонаи асфалт, корхонаи дӯзандагӣ ва гузоштани хишти аввал ба таҳкурсии бинои мактаби таҳсилоти умумии №6 ширкат варзида, бо намунаҳои маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва кишоварзии ноҳияи Ҷиликӯл шинос шуд.

Дар маркази ноҳия Эмомалӣ Раҳмон  бо масъулону фаъолони ноҳияи мулоқот орост. Зимни суханронӣ назди ҳозирин сарвари давлат қайд кард, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар l0 соли охир ҷиҳати таъмин намудани фаъолияти босуботи бахшҳои гуногуни ноҳия ва дастгирии буҷети он аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ 215 миллион сомонӣ равона карда шудааст. Ҳамзамон бо ин, дар давоми 4 соли оянда дар доираи лоиҳаҳои амалишудаистода барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва объёрии заминҳо, ҳифзи муҳити зист ва маориф 21 миллион сомонӣ равона карда мешавад.

Президент дар идома зикр кард, ки илова бар ин, Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ҷиликул барои солҳои 2012-2016, ки бо қарори Ҳукумати мамлакат тасдиқ гардидааст, аз 156 адад лоиҳаҳои афзалиятнок иборат буда, барои татбиқи он 185 миллион сомонӣ, аз ҷумла тавассути буҷети давлатӣ 58 миллион сомонӣ ва сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ 114 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

«Ҳоло дар доираи татбиқи Барномаи рушди ноҳия ба маблағи умумии 15 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд, ки он ҳамагӣ 8 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад. Яъне амалишавии он суст ҷараён дорад», – иброз дошт сарвари давлат.

Президент ба мақомоти раҳбарии ноҳияи Ҷиликӯл дастур дод, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусӣ ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур чораҳои зарурӣ андешида, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетиро таъмин намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.