Президент ба фаъолияти беморхонаи нав дар Хуросон ҳусни оғоз бахшид

Дар доираи сафари корӣ ба минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон субҳи имрӯз президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи бинои нави беморхонаи марказии ноҳия иштирок кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин бино бо харҷи қариб 13 миллион сомонӣ маблағҳои грантии Ҷумҳурии Федеролии Олмон сохта ва бо таҷҳизоти навтарини […]



Дар доираи сафари корӣ ба минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон субҳи имрӯз президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи бинои нави беморхонаи марказии ноҳия иштирок кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин бино бо харҷи қариб 13 миллион сомонӣ маблағҳои грантии Ҷумҳурии Федеролии Олмон сохта ва бо таҷҳизоти навтарини ин соҳа аз ширкати олмонии Сименс таъмин карда шудааст.

Гуфта мешавад, дар ин бино шуъбаҳои таваллудгоҳ, ҷарроҳӣ ва эҳёгарии ин беморхона ҷойгир карда шуда, ҳадафи асосӣ тибқи созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Олмон беҳдошти ҳифзи модару кӯдак мебошад. Ин бино дорои 25 кати хоб барои беморон буда, мутахассисони маҳаллӣ барои кор бо таҷҳизоти муосири ин бинои нави беморхона дар сатҳи баланд бозомӯзӣ шудаанд.

Ба иттилои масъулин дар доираи татбиқи барномаи муштараки Тоҷикистону Олмон оид ба беҳдошти ҳифзи модару кӯдак ҳамин гуна корҳо дар 4 ноҳияи дигари вилояти Хатлон дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Бо маблағгузории қариб 200 миллион сомонӣ гранти олмонӣ дар муддати кӯтоҳ бояд таваллудхонаҳои тамоми ноҳияҳои вилояти Хатлон навсозӣ шуда, бо чунин таҷҳизоти таваллуд, ҷарроҳӣ, эҳёгарӣ ва дигар хизматрасониҳои тиббӣ  таъмин карда шаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.