Ҳалокати панҷ нафар дар садамаҳои нақлиёт

Бинобар вайрон будани боду ҳаво дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Ҷиргатол, дар мавзеи Диҳи-шоҳии ноҳияи Нуробод, аз кӯҳ санг фаромада ба автомашинаи тамғаи “Тойота-прадо”, рақами давлатиаш 15-53 ВА 01, таҳти идораи Хоҷаев Назриддин соли таваллудаш 1977, истиқоматкунандаи ноҳияи Тавилдара, бархӯрдааст. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа автомашина мувозинаташро гум карда аз роҳ баромада, ба […]



Бинобар вайрон будани боду ҳаво дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Ҷиргатол, дар мавзеи Диҳи-шоҳии ноҳияи Нуробод, аз кӯҳ санг фаромада ба автомашинаи тамғаи “Тойота-прадо”, рақами давлатиаш 15-53 ВА 01, таҳти идораи Хоҷаев Назриддин соли таваллудаш 1977, истиқоматкунандаи ноҳияи Тавилдара, бархӯрдааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа автомашина мувозинаташро гум карда аз роҳ баромада, ба ҷарии 110 метр сарозер шудааст. Дар ин садама ронандаи автомашина Хоҷаев Н. ва мусофирони дохили он Раҳимов Илҳом соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Сарбанд ва Иззатуллоев Рустам соли таваллудаш 1970, истиқоматкунандаи ноҳияи Тавилдара ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофирони дигари автомашина Садриддинов Қурбоналӣ соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи н. Тавилдара ва Саидов Ҷамшед соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи н. Сарбанд ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Ҳамчунин ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” рақами давлатиаш ЕН 99-13 РТ 01, ронандааш Юсуфов Усмонҷон соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Нуробод зимни ҳаракат аз тарафи ш. Душанбе ба самти н. Нуробод дар километри 76-уми роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол, дар ҳудуди ш.Роғун аз кӯҳ сангпора афтода ба чархи тарафи пеши ронанда бархӯрдааст. Дар натиҷа ронанда аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада ба ҷарии канори рости роҳ ба масофаи 45-метр, дар канори дарёчаи Кундалак чаппа шудааст. Мусофири автомашинаи мазкур Мусоев Сафаралӣ соли таваллудаш 1951, истиқоматкунандаи н. Нуробод ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Спринтер” рақами давлатиаш ТТ 73-48 РТ 02, Улмасов  Ғуломҷон соли таваллудаш 1983, истиқоматкунандаи ш.Қайроққум, ҳангоми ҳаракат аз самти ш. Хуҷанд ба самти ш. Қайроққум, дар рӯ ба рӯи корхонаи истеҳсолии ордбарории “Темурмалик” аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба деворҳои бетонии корхонаи мазкур бархӯрдааст. Дар натиҷа ронанда Улмасов Ғ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофираш Идрисов Мирзобаҳриддин соли таваллудша 1983, истиқоматкунандаи ш. Хуҷанд ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.