Лоиҳаи қонун «Дар бораи афв»-ро парлумон ҳафтаи оянда баррасӣ мекунад

Лоиҳаи қонун «Дар бораи афв» дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми палатаи поёнии парлумон ҳафтаи оянда – санаи 29-уми октябр баррасӣ мешавад. Котиби матбуотии палутаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бо қарори ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, лоиҳаи қонуни зикршуда ҷиҳати омӯзиши дақиқ ба кумитаҳои […]

Аваз Юлдошев



Лоиҳаи қонун

«Дар бораи афв»

дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми палатаи поёнии парлумон ҳафтаи оянда – санаи 29-уми октябр баррасӣ мешавад.

Котиби матбуотии палутаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бо қарори ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, лоиҳаи қонуни зикршуда ҷиҳати омӯзиши дақиқ ба кумитаҳои дахлдори палатаи поёнии парлумон фиристода шуд.

Дар ҳамин ҳол, вакили палатаи поёнии парлумон, ҳуқуқшиноси касбӣ Саодат Амиршоева дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала зикр кард, ки ин афвро метавон «афви тиллоӣ» ном бурд, зеро он беш аз 10 ҳазор шаҳрвандони кишварро фаро мегирад.

«Ғайр аз ин, агар ҳар кадоме аз маҳкумшудагону судшавандагони мавриди афроргирифта, се-чор нафарӣ наздикону хешон дошта бошанд, пас ин афв ба хонадони 40-50 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ шодиву фараҳ меорад», – гуфт Амиршоева.

Ёдрас мекунем, ки ин афви 14-умин тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар аст. Афви охирини 13-ум дар Тоҷикистон соли 2011 ба муносибати 20-солагии истиқлолияти кишвар эълон шуда, тибқи он беш аз 4 ҳазору 300 нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳӣ озод карда шуданд, ки миёни онҳо 196 нафарашонро занон ва 153 нафарашонро ноболиғон ташкил доданд.

Боз муҳлати ҷазои ҳудуди 5 ҳазор нафар маҳкумшудагон кам карда шуд. Он замон афв ба зиёда аз 5 ҳазор нафар афроди мавриди тафтиш ё дар мурофиаи судӣ қарордоштаву ҳанӯз маҳкумнашуда низ дахл кард.

Бино ба маълумоти Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, айни замон дар Тоҷикистон 17 адад муассисаи ислоҳӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 10 ҳазор нафар шаҳрвандон нигаҳдорӣ мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.