Бо ташаббуси Кумитаи иқтисод ва молияи палатаи поёнии парлумон пагоҳ дар Душанбе доир ба масъалаи ҷарааёни иҷрои қонуни кишвар «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикисон барои соли 2014» дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ музокироти парлумонӣ доир мегардад.
Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори бахши иқтисоди ҳукумати ҷумҳурӣ ба вакилон дар ин бора ҳисобот хоҳанд дод.
«Ба масоили пардохти саривақтии музди меҳнату нафақа ва кумакпулиҳо, маблағгузорӣ ба сохтмони иншооти муҳими стратегӣ дар соҳаи энергетика, коммуникатсия, нақлиёт, бахшҳои кишоварзиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад», – гуфт Султонов.



