Вохӯрии раиси КМИР Тоҷикистон бо намояндагони САҲА



Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён намояндагони Дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо оид ба Институтҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Башар (САҲА/ДИДҲБ) Ричард Лаппен ва Андрей Громовро, ки бо сафари серӯза ба Тоҷикистон омаданд, ба ҳузур пазируфт.

Тавре роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев хабар дод, зимни вохӯрӣ масъалаҳои омодагӣ ба маъракаи интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон, ки ахири моҳи феврали соли оняда доир мегардад, баррасӣ шуданд.

«Ш.Шоҳиён ба намояндагони САҲА маълумот дод, ки то имрӯз Тоҷикистон аксари тавсияҳои ин созмонро, ки баъди инихоботи парулмонии соли 2010 пешниҳод гардида буданд, ба иҷро расонид», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли номбурда, пас аз интихоботи парлумонии соли 2010 аз ҷониби нозирони САҲА ба Тоҷикистон оид ба такмили ҷараёни интихобот 25 тавсия пешниҳод гардида буд, ки то имрӯз 18-то он иҷро шудааст.

«Раиси КМИР таъкид дошт, ки тибқи тавсияҳои САҲА ба қонунгузории интихоботи Тоҷикистон дар самти кам кардани гаравпулии интихоботӣ, мустақилона даст кашидани номзадҳо аз иштирок дар маъракаи интихобот, тартиби пур кардани варақаҳои овоздиҳӣ, роҳ надодан ба дахолати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба ҷараёни интихобот тағйироту иловахо ворид карда шуданд», – қайд кард Додоев.

Бино ба иттилои ӯ, Шоҳиён изҳор доштааст, ки айни замон низ тавсияҳои САҲА, ки ислоҳоти конститутсиониро тақозо мекунанд, аз ҷумла масоили марбут ба роҳ додани номзадии шахсоне, ки маълумоти олӣ надоранд, афроди таҳти тафтишот қарордошта, қабули Кодекси интихоботи Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дошта, ин кори як рӯзу ду рӯз нест ва дарҳол ба иҷро намерасад.

Додоев ҳамчунин зикр кард, ки намояндагони САҲА/ДИДҲБ имрӯз дар Вазорати корҳои хориҷӣ, Суди олӣ, Дастгоҳи иҷроияи президент вохӯриҳо гузаронида, бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар мулоқот мекунанд.

spot_imgspot_img

Популярное