Ҷумҳурии Исломии Эрон сафири наваш дар Тоҷикистонро таъин кард.
Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Теҳрон дар Душанбе, сафир нави Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷатулло Фағонӣ таъин карда шудааст, ки қаблан ба ҳайси сафири Теҳрон дар Кобул фаъолият мекард.
Сафири нави Эрон дар Тоҷикистон нимаи аввали моҳи ноябр ба иҷрои вазифаҳояш шурӯъ мекунад.
Қобили зикр аст, ки баъди анҷоми ваколати сафири қаблии Эрон дар ҶТ Алиасғари Шеърдӯст дар моҳи октябри соли гузашта, то ҳол касе ба ин вазифа таъин нагардида буд.
Муддати беш аз як сол Саидмаҳмуди Садрӣ ба ҳайси ваколатдори муваққатии умури Эрон дар Тоҷикистон фаъолият намуд.



