Таъини сафири нави Британияи Кабир дар Тоҷикистон



Хю Филпот сафири нави Британияи Кабир дар Тоҷикистон таъин карда шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд.

Ба ҳайси ҷойгузини Робин Орд-Смит, ки ба вазифаи дигари дипломатӣ таъин шуд, Филпот аз моҳи январи соли оянда ба иҷрои вазифаи сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Филпот фаъолияташро соли 1980 дар Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир оғоз намуда, ба маҷмӯи васеи масоил, аз ҷумла масъалаҳои амнияти байнулмилалӣ, муносибатҳо бо кишварҳои хориҷӣ ва Шарқи Наздик сарукор доштааст. Қаблан ӯ дар шаҳрҳои Осло, Будапешт, Бағдод, Вашингтон ва Мускат фаъолияти корӣ анҷом додааст.

Дар Вазорати рушди байнулмилалии Британияи Кабир ӯ ба масъалаи кумаки техникӣ ба Русия машғул шуда, дар Вазорати соҳибкорӣ, инноватсия ва ҳунарҳо ба шабакаи илм ва инооватсия раҳбарӣ кардааст.

Дар робита ба таъиноти худ ба ин вазифа Филпот изҳор намудааст, ки бесаброна оғози фаъолияташ дар ин давраи барои рушди Тоҷикистон муҳимро интизор аст. «Ман хушнудам, ки ҷиҳати таҳкими муносибатҳо бо мардум ва ҳукумати Тоҷикистон бароям имкон фароҳам шуд», – иброз доштааст ӯ.

spot_imgspot_img

Популярное