Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба палатаи болоии парлумон дар бораи қатъи ваколати судяи Суди олии ҷумҳурӣ Улуғбек Маҳмадшоев ва ҳамчунин бозхонди судяи Суди олии иқтисодӣ Ҷалол Исроилов пешниҳод ирсол намуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.
Бино ба гуфти манбаъ, ваколатҳои судяи Суди олии Тоҷикистон У.Маҳмадшоев бинобар сабаби даргузашти бармаҳали ӯ қатъ гардида, судя Ҷ.Исрооилов дар робита ба ҳабс гирифта шуданаш тобистони соли равон аз ҷониби Агентии зиддифасод ба гумони порагирӣ бозхонда мешавад. Санаи 17-уми июл палатаи болоии парлумон ба ҳабси ӯ иҷозат дода буд.
Ғайр аз ин, бо пешниҳоди ҳукумати кишвар дар иҷлосияи санаи 20-уми ноябри Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ масъалаи табдили номи чанде аз маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияҳои Шӯрообод, Қубодиён, Бохтари вилояти Хатлон, шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Ашти вилояти Суғд баррасӣ мешавад.


