Бонки миллии Тоҷикистон барои пешгирии беқурбшавии сомонӣ аз ҳафтаи гузашта ба ин сӯ дар чанде аз минтақаҳои шаҳри Душанбе фурӯши бевоситаи доллари ИМА-ро ба роҳ мондааст ва ҳамарӯза то 2 миллион доллар ба харидорон пешниҳод мекунад.
Бино ба иттилои Хабаргузории “Азия-Плюс”, рӯзи ҷумъаи 21-уми ноябр доллари амрикоӣ дар нуқтаи фурӯши таъсисдодаи Бонки миллӣ дар бозори “Саховат” 5 сомониву 28 дирам харидаву 5 сомониву 30 дирам фурӯхта мешуд. Ҳамзамон дар нуқтаи дигари махсусе, ки дар фурӯшгоҳҳои ҳамшафати Додгоҳи олии кишвар, маъруф ба “Гулистон” таъсис ёфтааст, хариду фурӯши доллар 5,25-5,27 сомонӣ муқаррар шудааст.
Инфографикаи муқоисавии зер дар асоси иттилооти расмии Бонки миллии Тоҷикистон ва лавҳаҳои саррофиҳои шаҳри Душанбе тарроҳӣ шудааст:
Бо мақсади омӯзиши вазъи воқеии хариду фурӯши асъор, хабарнигорони “Азия-Плюс” аз нуқтаҳои мубодилаи арзи пойтахт боздид карданд.
Охун Мирзоев
, муовини сардори шуъбаи ҳамлу нақли Бонки миллии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигорони “Азия-Плюс” таъсиси нуқтаҳои фурӯши махсуси доллар дар ҳудуди пойтахт, аз ҷумла, дар бозорҳои “Корвон”, “Саховат”, растаи фурӯшгоҳҳои “Гулистон” ва бозори Шоҳмансурро таъйид кард. Вай ҷараёни фурӯши долларро дар нуқтаи созмондодаи Бонки миллӣ дар ҳудуди бозори “Саховат” назорат мекард.
Мирзоев изҳор дошт, ки бонки асосии кишвар барои ҷилавгирӣ аз болоравии қобили таваҷҷуҳи доллар дар муқобили воҳиди пули миллӣ – сомонӣ – ҳамарӯза то 2 миллион доллари ИМА ба харидорон пешниҳод мекунад. Вай афзуд, ки иқдоми таъсиси нуқтаҳои фурӯши доллар на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар вилоёти кишвар, аз ҷумла, Суғду Хатлон низ роҳандозӣ шуда, то пойин рафтани қурби доллар идома меёбад.
Дар саррофиҳои сарироҳии бозорҳои “Корвон”-у “Саховат” рӯзи 21-уми ноябр бар асоси лавҳаҳои овезон $100 ба қимати 528 сомонӣ харидорӣ ва 530 сомонӣ фурӯхта мешуд. Аммо ҳеҷ кадоме аз онҳо, ба ҷуз як нафар, ҳозир нашуд ба мо доллар фурӯшад. Танҳо як саррофи бозори “Корвон”, ва он ҳам бо дидани дастгоҳҳои наворбардории мо гуфт, ки омодааст 100 долларро бар ивази 530 сомонӣ ба мо пешниҳод кунад.
Мунис
, як дукондоре дар фурӯшгоҳи “Элегант”-и бозори “Корвон”, ҳангоми суҳбат бо “Азия-Плюс” аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ба далели уфту хези қурби доллар, бархе аз соҳибкорон наметавонанд барои хариди мол ба хориҷи кишвар бираванд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки аксари
кормандони саррофиҳои пойтахт
аз бими таъқиби муассисаҳои молиявӣ, бавижа Бонки миллии Тоҷикистон, аз додани иттилоот роҷеъ ба қимати воқеии фурӯши доллар худдорӣ меварзанд. Агарчи бархе аз онҳо дар суҳбати бидуни микрофон, далели фурӯши 100 доллар бар ивази 545-550 сомонӣ ва аз он ҳам бештарро дар чанд рӯзи пеш тасдиқ карданд.
Мушоҳидаҳои мо
нишон дод, ки саррофиҳои маркази шаҳр, бозори “Султони кабир” ва маҳаллаи 33-юми пойтахт дақиқан рӯзи ҷумъаи 14-уми ноябр 100 доллари ИМА-ро ба таври ғайрирасмӣ бо қимати аз 550 то 560 сомонӣ мефурӯхтанд.
Профессор
Ҳоҷимуҳаммад Умаров
, мудири Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои ҶТ, вазъи феълӣ дар бозори пулро бисёр нигаронкунанда арзёбӣ кард. Ӯ рӯзи 21-уми ноябр зимни суҳбати телефонӣ бо “Азия-Плюс” чунин изҳор дошт: “Вазъият хеле шадид аст. Сабаби пойин рафтани қурби сомонӣ коҳиш ёфтани қимати рубли русӣ аст. Чунки вақте аз Русия пул кам омад, ин ҷо таносуби байни пули миллӣ ва пули байнулмилалӣ – доллар ва евро – қатъиян дигар шуд. Дар бозори пул ҳодисаҳои бисёр драматикӣ ба вуҷуд омадаанд. Ҳоло ҳар соат қурби асъор тағйир меёбад. Бонк интервенсия мекунад, аммо худо медонад, пешашро бигирем. Хайр, як муддат метавонад, лекин давраи дуру дароз нигоҳ доштани он ғайриимкон аст. Ман фикр мекунам, роҳи наҷот ин аст, ки ҳукумат бояд ба таври фаврӣ як гурӯҳи хурди зиддибуҳронӣ ташкил кунад, ки аз олимони ҳақиқӣ иборат бошад. Он олимони бардурӯғе, ки дар идораҳои гуногуни ҳукумат нишастаанд, он чӣ амрикоиҳо мегуфтанд, иҷро мекарданд. Ва гоҳе тарафи Русия нигоҳ мекарданд, ки чӣ кор мекунад, то мо ҳам иҷро кунем. Дар натиҷа ба ин ҳолат расидем. Ҳоло вазифаи асосӣ аз ин иборат аст, ки ҳар қадар сектори истеҳсолии иқтисод баланд бошад, ҳар қадар суди маҳсулот баланд бошад, ҳар қадар рақобатпазирӣ баланд бошад, ҳамин хел вазъият беҳтар мегардад ва қурби асъори миллӣ мустаҳкамтар мешавад”.
БМТ субот ва пардохтпазирии бозори дохилии асъорро таъмин менамояд
Ҷавоби Бонки миллии Тоҷикистон
ба саволҳои хабарнигори ҳафтаномаи “Азия-Плюс” Мавзуна Абдуллоева
– Сабаби яку якбора паст шудани қурби пули миллии Тоҷикистон нисбат ба доллари ИМА, ки ҳар рӯз мушоҳида мешавад, дар чист?
– Дар ҳоли ҳозир дар аксари бозорҳои молиявии ҷаҳон аз эътидол берун рафтани қурби асъори хориҷӣ мушоҳида мешавад. Қурбҳои асъор одатан ҳассос буда, на танҳо зери таъсири омилҳои макроиқтисодӣ, балки омилҳои дигар низ қарор доранд, ки онҳо ба талабот ва пешниҳоди асъор дар бозор таъсир мерасонанд.
Инчунин тағйироту дигаргуниҳое, ки дар минтақа рӯй медиҳанд, бевосита ба талаботи асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ таъсир мерасонанд.
Ҳамзамон омилҳои объективии дарозмуддат низ ҳастанд, ки ба иқтисод ва бозори молиявии кишвари мо хос буда, ҳар мавсим талаботи асъори хориҷӣ, аз ҷумла, асъори нақдиро афзун намуда, пешниҳоди онро коҳиш медиҳанд.
Бақияи манфии тавозуни пардохт (2,7 млрд. сомонӣ), ки ба бақияи манфии ҳаҷми вуруду хуруҷи асъори хориҷӣ ва касри он боис гардид, кам шудани ҳаҷми интиқолҳои пулии шахсони воқеӣ, аз ҷумла, бо доллар, афзоиши талаботи мавсимӣ ба доллари ИМА ва камшавии пешниҳоди он, инчунин кам шудани воридоти даромади (мадохили) асъорӣ аз содирот ва ғайра ба ин омилҳо дохил мешаванд.
Соли ҷорӣ вазъ бинобар таъсири тамоюли ҷаҳонии устувор шудани доллари ИМА нисбат ба дигар асъорҳои миллӣ мураккабтар шуд. Ин бештар ба шиддат гирифтани вазъи геосиёсӣ дар ҷаҳон, дар Ховари Миёна, Украина ва Русия, инчунин тағйир ёфтани сиёсати асъории Низоми Захиравии Федералӣ бо мақсади нигоҳ доштани низоми молиявии Амрико робита дорад.
– Бонки миллии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз пастшавии қурби сомонӣ чӣ корҳоро анҷом медиҳад?
– Бонки миллии Тоҷикистон дар баробари татбиқи чораҳои сиёсати пулию қарзӣ, инчунин ҳамеша дар бозори асъор иштирок намуда, пардохтпазирӣ ва устувории онро таъмин менамояд.
Масалан, аз аввали сол Бонки миллии Тоҷикистон фурӯши мунтазами асъорро дар бозори дохилӣ анҷом медиҳад. Ин чораҳо имкон медиҳанд, ки талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ баробар карда шуда, суботи бозор ва қурб низ мувофиқан таъмин гардад.
– Оё Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ ба бозори асъор мудохила анҷом медиҳад ва бонк барои ин маблағи зарурӣ дар ихтиёр дорад?
– Бонки миллии Тоҷикистон дар мавридҳои зарурӣ барои ба эътидол овардани тағйирёбии қурб ва талабот ба асъори хориҷӣ ба бозори дохилӣ дахолат намуда, ба ин васила субот ва пардохтпазирии онро таъмин мекунад.
Барои ин ҳамаи василаву фишангҳо мавҷуд аст.
– Захираи тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон чӣ қадар аст?
– Захираи тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон афзоиш ёфта, динамикаи рушди устувор дорад. Рушди солонаи он бо назардошти тағйироти охир 10-12%-ро ташкил медиҳад. Ба ҳолати 14 ноябри соли ҷорӣ захираи тиллову асъори БМТ 1,2 млрд. долл. ИМА-ро ташкил медиҳад ва ҳар моҳ тақрибан ба миқдори 27-35 млн. долл. ИМА афзоиш меёбад.
– Тибқи дурнамо қурби доллар мутобиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2014” набояд аз 5 сомонӣ барои 1 долл. ИМА зиёд шавад. Шумо инро чӣ тавр шарҳ медиҳед?
– Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки дар Қонуни ҶТ “Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2014” қурби доллар танҳо ҳамчун қурби ҳисоббаробарӣ барои пешгӯии нишондиҳандаҳои асосӣ истифода мешавад.
Ҳамзамон, бо баробари татбиқи ин Қонун, ки як сол пеш тартиб дода мешавад, қурби асъори хориҷӣ (дар ин ҳолат доллари ИМА) вобаста ба вазъу шароити бозори давраи ҷорӣ муқаррар мегардад. Масалан, қайд бояд намуд, ки дар гузашта давраҳое низ буданд, ки қурби ҷорӣ аз қурби ҳисоббаробарӣ пасттар ё баландтар муқаррар шуда буд.


