Президент тоҷикистониёнро бо Рӯзи Парчами давлатӣ табрик кард

Date:



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишврро бо ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ, ки шурӯъ аз соли 2009 ҳамарӯза санаи 24-уми ноябр таҷлил мегардад, табрику таҳният гуфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар паёми табрикии президент дар робита ба ин ҷашн қайд мешавад, ки арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди бедордили ҷомеа ва дар айни замон мояи ифтихори ӯ ба ҳисоб меравад, зеро парчам ҳамчун ифодакунанда ва баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдору бегазанд нигоҳ доштани дастовардҳои истиқлолият ва таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.

Президент зикр мекунад, ки парчами миллии мо тибқи расму ойини парчамдорӣ бо рангу рамзҳо ва шаклу услуби миллии худ инъикоскунандаи таърихи деринаи халқи тамаддунсозамон мебошад. «Мазмун ва муҳтавои парчами давлатии мо дарбаргирандаи хусусиятҳои хоси миллӣ, ифодагари устувории давлат, нишонаи ҷоннисории фарзандони содиқи Ватан барои озодӣ ва намунаи заҳмати созандаву ободкорӣ ба хотири ободии кишвар мебошад. Ин аст, ки миллати сарбаланди тоҷик ҳамеша таҳти парчами худ саф ороста, дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу душвори таърихӣ ватану миллат, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя намудааст», – таъкид шудааст дар паём.

Гуфта мешавад, имсол аз афрохта шудани баландтарин пояи парчам дар пойтахти кишварамон панҷ сол сипарӣ мешавад, ки он ифтихори хурду бузург ва инъикосгари эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастии мардуми тоҷик буда, меҳри парчами миллӣ ҳар яки моро ба сӯи заҳмати созанда ва ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят менамояд.

«Дар марҳалаи навбатии рушди бомароми кишвари азизамон аз ҳар яки мо, парчамбардорони миллати тамаддунсоз, тақозо мегардад, ки ҳамаи азму талоши худро ба хотири пешрафту ободии Ватани муқаддасамон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи сокинони он равона созем», – зикр мегардад дар паёми табрикии сарвари давлат.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related