Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо валиаҳди Давлати Кувайт

Рӯзи 23 ноябри соли 2014 дар шаҳри Кувайт Валиаҳди Давлати Кувайт шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов ба ҳузур пазируфт. Бино ба маъулмоти департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон, зимни суҳбат перомуни масоили муносибатҳои Тоҷикистону Кувайт ва дурнамои рушди он мубодилаи афкор сурат гирифта, С.Аслов қайд намуд […]

ASIA-Plus



Рӯзи 23 ноябри соли 2014 дар шаҳри Кувайт Валиаҳди Давлати Кувайт шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маъулмоти департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон, зимни суҳбат перомуни масоили муносибатҳои Тоҷикистону Кувайт ва дурнамои рушди он мубодилаи афкор сурат гирифта, С.Аслов қайд намуд ки рушди ҳамкориҳо бо Давлати Кувайт самти афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар мебошад.

«Сироҷидин Аслов иброз дошт, ки дар ҳоли ҳозир муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд ва изҳори умедворӣ намуд, ки вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистону Кувайт ҳамкории зичро ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Фонди кувайтии рушд вусъат хоҳанд дод», – омадааст дар иттилои ВКХ ҶТ.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот Вазири корҳои хориҷии кишвар ба Валиаҳди Кувайт паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ тақдим намуд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон аз Амири Кувайт даъват ба амал овардааст, то дар фурсати муносиб сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии кишвар С.Аслов инчунин Вазири энергетика ва захираҳои об У. Усмонзода, Вазири нақлиёт Х. Асозода, Роҳбари Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Аҳмадов ва дигар мансабдорони баланди вазорату идораҳои кишвар намояндагӣ карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.