Қаноатмандии сафири ИМА аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эллиот аз сатҳи кунунии ҳамкории дуҷонибаи иқтисодиву иҷтимоӣ бо Тоҷикистон қаноатмандӣ изҳор намуд. Зимни суханронӣ дар конфронси имрӯзаи байнулмилалӣ оид ба ченкунӣ ва мониторинги сатҳи камбизоатӣ  дар Тоҷикистон Сюзан Эллиот қайд кард, ки айни замон ҳукумати ИМА бо ҳукумати Тоҷикистон ҳамкории наздик дорад ва таъкид намуд, ки «яке […]

Пайрав Чоршанбиев



Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эллиот аз сатҳи кунунии ҳамкории дуҷонибаи иқтисодиву иҷтимоӣ бо Тоҷикистон қаноатмандӣ изҳор намуд.

Зимни суханронӣ дар конфронси имрӯзаи байнулмилалӣ оид ба ченкунӣ ва мониторинги сатҳи камбизоатӣ  дар Тоҷикистон Сюзан Эллиот қайд кард, ки айни замон ҳукумати ИМА бо ҳукумати Тоҷикистон ҳамкории наздик дорад ва таъкид намуд, ки «яке аз ҳадафҳои ҳамкории мо коҳиши сатҳи камбизаотӣ ва беҳбуди вазъи иқтисодӣ дар Тоҷикистон аст».

Дипломати амрикоӣ бар ин назар аст, ки ИМА ва тамоми созмону ташкилотҳои мадарасон бояд ба рушди иқтисодӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва беҳбуди некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон мусоидат намоянд.

«Муддати якчанд сол аст, ки ман дар Тоҷикистон фаъолият дорам ва бояд бигӯям, ки аз сатҳи ҳамкории дуҷонибаи мо бо ҳукумати Тоҷикистон мутаассирам», – афзуд сафир.

Ёдрас мекунем, ки аз соли 2012 Сюзан Эллиот ба сифати сафири ИМА дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар ин мансаб ӯ Кеннет Гроссро иваз карда буд.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир ИМА яке аз воридкунандагони асосии кумаки гуманитарӣ ба Тоҷикистон ба шумор меравад. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ миёни кишварҳои мададрасон қариб 62%-и вазни хос аз рӯи арзиши кумаки гуманитарӣ ба Тоҷикистон ба ИМА рост меояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.