С. Аслов ба Робин Орд-Смит комёбӣ дар фаъолияти минбаъдаро таманно кард

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Орд-Смитро бинобар ба итмом расидани муҳлати хизмати дипломатиаш дар ҷумҳурӣ ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар оғози суҳбат вазири корҳои хориҷӣ барои саҳми арзандаи сафир баҳри густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Орд-Смитро бинобар ба итмом расидани муҳлати хизмати дипломатиаш дар ҷумҳурӣ ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар оғози суҳбат вазири корҳои хориҷӣ барои саҳми арзандаи сафир баҳри густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки дар давоми  фаъолияти ӯ дар Тоҷикистон ҷонибҳо ба муваффақиятҳо дар соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷониба комёб шуданд.

Дар навбати худ, сафир Орд-Смит барои мусоидат ва дастгирӣ дар давоми фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷӣ  изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар анҷоми мулоқот вазири корҳои хориҷӣ ба сафири Британия муваффақияти комилро дар фаъолияти минбаъдаи касбӣ таманно намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.