ҲСДТ барои баргузории анҷуман то ҳол толор намеёбад

Анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби сосиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ), ки пагоҳ, 20-уми декабр таъин шуда буд, боз ба санаи 27-уми декабр мавқуф гузошта шуд. Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сабаби ба санаи дигар гузаронидани анҷуман дар он аст, ки ҳеҷ кадоме аз ташкилоту корхона ва муассисаҳо ба иҷораи бино ё толор […]

Аваз Юлдошев



Анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби сосиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ), ки пагоҳ, 20-уми декабр таъин шуда буд, боз ба санаи 27-уми декабр мавқуф гузошта шуд.

Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сабаби ба санаи дигар гузаронидани анҷуман дар он аст, ки ҳеҷ кадоме аз ташкилоту корхона ва муассисаҳо ба иҷораи бино ё толор барои баргузории он розӣ намешаванд.

«Ба тамоми корхонаву муассиса ва ташкилотҳое, ки мо бо хоҳиши ба иҷора додани толор муроҷиат намудем, дархости моро рад карданд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли Зойиров, агар то ҳафтаи оянда ҲСДТ толореро ба иҷора гирифта натавонад, анҷуман дар дафтари кории ҳизб баргузор мешавад.

«ҲСДТ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ  20 номзад ва аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ 10 номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ карданист», – қайд кард Зойиров.

Ёдрас мекунем, ки

Федератсияи мустақили Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон

пешниҳоди толор барои баргузории анҷумани пешазинтихоботии ҲСДТ-ро рад кард. Сотсиал-демократҳо қаблан санаи баргузории анҷуманро аз 17 ба 20-уми декабр иваз карда буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.