БМТ оид ба вазъи ояндаи иқтисод бар асари беқурбшавии рубл



Дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бар ин назаранд, ки хатарҳои имконпазири коҳиши ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Русия дар шароити вазъи ноустувори сиёсӣ ва иқтисоди хориҷӣ хусусияти муайяни манфӣ доранд, аммо айни замон дар омори расмӣ  ин тасдиқи худро пайдо накардааст.

«Ҳамин тариқ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, давоми моҳҳои январ-октябри соли 2014 афзоиши ҳаҷми муомилоти молӣ бо Русия 41,8%-ро ташкил дод, ки ба афзоиши воридоту содирот мутаносибан ба андозаи 27,6% ва 5,6% рост меояд», – изҳор доштанд ба «Азия-Плюс» дар Бонки миллӣ.

Дар ҳамин ҳол, дар БМТ таъкид доштанд, ки аз нигоҳи имконоти харидорӣ, беқурбшавии асъори яке аз ду кишвари шарики тиҷоратӣ (феълан рубли русӣ) ба арзоншавӣ ва ҷолибияти маҳсулоти аз ин кишвар воридшаванда мусоидат мекунад.

«Бо назардошти маъмулан асосӣ будани бозори русиягӣ барои иқтисоди мо, ки воридот аз содирот бештар аст, дар дурнамои наздик беқурбшавии рубл маҳз ба афзоиши воридот мусоидат хоҳад кард», – мутмаинанд дар БМТ.

Ба гуфтаи манбаъ, беқурбшавии рубл тавассути арзиши воқеъии ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия, метавонад ба иқтисоди Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ ба муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ таъсир расонад.

«Бо таваҷҷуҳ ба он ки дар ҳаҷми умумии воридшавӣ ва хориҷшавии асъори хориҷӣ ҳиссаи рубли русӣ мутаносибан 52,6% ва 23,2%-ро ташкил медиҳад, аён аст, ки ин ба бозори дохилии асъори кишвар таъсиргузор хоҳад буд», – қайд кард манбаъ.

Дар БМТ таъкид намуданд, ки беқурбшавии қурби рубли русӣ нисбати доллари ИМА ба коҳиши маблағҳои коркарда ва ба ватан мефиристодаи муҳоҷирони кории мо боис мегардад. «Бо назардошти ин, поинравии имконоти харидорӣ бар асари коҳиши ҳаҷми интиқоли мбалагҳои пулӣ метавонад ба коҳиши талаботи истеъмолӣ ва фаъолнокии иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ боис гардад», – чунин мешуморанд дар БМТ.

Бино ба иттилои манбаъ, беқурбшавии рубл дар коҳиши воридоти маблағҳои пулӣ ифода ёфта, ба ин васила сатҳи баробари тавозуни талабот ва пешниҳодро, ки  айни замон дар бозори дохилии асъор ба мушоҳида мерасад, халалдор месозад.

Зимнан аз БМТ даъват карданд, ки ба воҳима роҳ надода, оромиро набояд аз даст дод, «зеро тамоили мазкур хусусияти муваққатӣ дошта, бо камшавии фишорҳо нисбати қурби асъор, иқтисод ба нуқтаи тавозуни худ бармегардад». 

spot_imgspot_img

Популярное