Коммунистони пойтахт 7 нафар ҳамсафонашонро ба номзадӣ пешниҳод карданд

Дар пленуми Кумитаи шаҳрии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар пойтахт 9 нафар вакилон ба анҷумани пешазинтихоботии ҲКТ интихоб шуданд. Анҷумани пешазинтихоботии ҲКТ санаи 27-уми декабр доир мегардад. Котиби Кумитаи марказии ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки коммунистони пойтахт ҷиҳати омӯзишу баррасии барномаи пешазинтихоботии ҲКТ гурӯҳи […]



Дар пленуми Кумитаи шаҳрии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар пойтахт 9 нафар вакилон ба анҷумани пешазинтихоботии ҲКТ интихоб шуданд. Анҷумани пешазинтихоботии ҲКТ санаи 27-уми декабр доир мегардад.

Котиби Кумитаи марказии ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки коммунистони пойтахт ҷиҳати омӯзишу баррасии барномаи пешазинтихоботии ҲКТ гурӯҳи корӣ таъсис дода, ҳамчунин ба Кумитаи марказии ҳизб шомил кардани 7 номзад аз бахши ҳизб дар шаҳри Душанбе ба рӯйхати ҳизбро пешниҳод намудаанд.

Исмоил Талбаков иброз дошт, ки ғайр аз ин, коммунистони пойтахт аз даъватҳои аъзои ҳизб дар вилояти Хатлону ВКМБ оид ба муттаҳидӣ дар сафҳои ҳизб ҷонибдорӣ кардаанд.

«Пленум ба раҳабрияти ҲКТ оид ба дастгирии сиёсати ҳукумат дар бахши ислоҳоти иқтисодӣ, фаъолият дар Созмони ҳамкории Шанхай дастуру тавсияҳо дода, ҳамчунин пешниҳод намуд, ки масоили марбут баворид шудани Тоҷикистон ба ҳайати Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мавриди омӯзиш қарор дода шавад», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки то имрӯз ба анҷумани пешазинтихоботии ҲКТ аз тамоми мантиқи кишвар 98 нафар вакилон интихоб шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.