Таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»

Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи як қатор Созишномаву Конвенсияҳоро баррасӣ карданд.     Бино ба иттилои сомонаи расмии МНМО ҶТ, дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи Қонунҳои ҶТ «Дар бораи нафт ва газ», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар […]



Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи як қатор Созишномаву Конвенсияҳоро баррасӣ карданд.  

 

Бино ба иттилои сомонаи расмии МНМО ҶТ, дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи Қонунҳои ҶТ «Дар бораи нафт ва газ», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии ҶТ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ, «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози ҶТ», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки ҶТ», Созишнома оид ба ҳамкории гуногунҷабҳа байни Вазорати корҳои дохилии ҶТ ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Созишнома байни ҳукумати ҶТ ва ҳукумати Шоҳигарии Баҳрайн оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, Созишнома байни ҶТ ва Бонки Исломии Рушд (ҳамчун маъмури Барномаи «Фаел Хайр») вобаста ба татбиқи маблағгузории бебозгашти «Фаел Хайр» барои харидорӣ ва истифода намудани клиникаҳои сайёр дар деҳот дар доираи Барномаи «Фаел Хайр» оид ба таъсиси клиникаҳои сайёр дар баъзе давлатҳо ва ҷомеаи мусулмонӣ, Конвенсия байни ҶТ ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, баррасӣ ва муҳокима шуданд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи даъвати ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми МНМО ҶТ даъвати чорум ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми МНМО ҶТ даъвати чорум» низ баррасӣ шуд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.