Бонки миллӣ меъёри бозтамвилро 1,1% боло бурд



Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз 22 декабри соли 2014, меъёри бозтамвил ба андозаи 1,1 банди фоизӣ баланд ва дар сатҳи 8,0 фоизи солона муқаррар гардид. 

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, тағйироти мазкур ҷиҳати таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ, муътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот бинобар зиёд шудани таъсири фишорҳои қурбӣ ва таваррумӣ ба иқтисодиёт, ки бештар ба номуайянии бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ алоқаманд мебошад, инчунин барои пешгирии таъсири манфии омилҳои берунӣ ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ворид карда шудааст. 


Қобили зикр аст, ки меъёри бозтамвил воситаи танзими пуливу қарзӣ буда, тавассути он БМТ ба меъёрҳои бозори байнибонкӣ ва меъёрҳои қарзу депозит, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба шахсони ҳуқуқиву воқеӣ дода мешаванд, таъсир мерасонад.

spot_imgspot_img

Популярное