Сафири Русия: Қрим дар ҳайати Русия то абад боқӣ мемонад

Дар вохӯрӣ бо намояндагони васоити ахбори умум сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов изҳор намуд, ки Ғарб бидуни шакку шубҳа хостори муташанниҷ шудани вазъ ва тағйири сохтори ҳукуматдорӣ дар Русия буда, сиёсатмадорони кишварҳои Ғарб ошкоро мегӯянд, ки таҳримҳоро чунин мебояд роҳандозӣ кард, ки иқтисоди Русияро тахриб намуда, эътирози мардумро ба вуҷуд оварад. «Ҳамин тариқ, алайҳи […]



Дар вохӯрӣ бо намояндагони васоити ахбори умум сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов изҳор намуд, ки Ғарб бидуни шакку шубҳа хостори муташанниҷ шудани вазъ ва тағйири сохтори ҳукуматдорӣ дар Русия буда, сиёсатмадорони кишварҳои Ғарб ошкоро мегӯянд, ки таҳримҳоро чунин мебояд роҳандозӣ кард, ки иқтисоди Русияро тахриб намуда, эътирози мардумро ба вуҷуд оварад.

«Ҳамин тариқ, алайҳи Русия таҳримҳо ҷорӣ шуданд, ки ба 50 нафар шаҳрвандон ва 47 ширкату бонкҳои Русия дахл доранд, вале пешвоёни Ғарб чандин маротиба изҳор доштанд, ки таҳримҳо муқобили мардуми оддӣ нест, вале намефаҳманд, ки ин таҳримҳо ҳаёти мардумро низ мушкил месозад ва бо назардошти робитаҳои ҷиддии иқтисодии кишварҳои мо, ин мушкилот ба Тоҷикистон ҳам таъсир хоҳад расонид», – иброз дошт ӯ.

Лякин-Фролов мутмаин аст, ки «пас аз ин Русия боз ҳам пурқувваттару пуриқтидортар мешавад». «Артиши мо муосир ва пуриқтидор аст. Барои ҳимоят аз озодиҳои худ нерӯву ирода ва ҷасорати мо басанда аст. Ҳамчунин барои ҳимоят аз иттифоқчиёнамон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ», – қайд кард сафир.

Дар робита ба масъалаи Қрим сафир зикр кард, ки дар он ҷо раъйпурсӣ доир гардида, аксари кулли мардум ба ҳамроҳшавӣ ба Русия овоз доданд. «Албатта он ҷо низомиёни Русия ҳузур доштанд, вале танҳо барои таъмини амният дар маъракаи раъйпурсӣ. Ҳамаро маҷбур кардан ба овоздиҳӣ ғайриимкон буд. Сипас қарори парлумони қонунии ҳанӯз соли 2010 интихобшудаи Қрим қабул шуд», – гуфт вай.

Дар идомаи ин мавзӯъ Лякин-Фролов ҳамчунин қайд кард, ки ҳамроҳшавии Қрим ба ҳайати Русия комилан мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ дар он ҷо ва ҳуқуқи дар Оинномаи СММ зикршудаи миллатҳо ба худмуайянкунӣ (дар мисоли қазияи Косово) сурат гирифт. «Қарори ба ҳайати Русия ҳамроҳ кардани Қрим ва Севастоопол комилан қонунӣ буда, бояд ба он эҳтиром гузошта шавад. Қрим нодиру беҳамто буда, сарзамини русҳо аст ва ба таъкиди В.В. Путин, дар ҳайати Русия то абад боқӣ мемонад», – афзуд дипломати Русия.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.