Баррасии тағйирот ба қонун «Дар бораи Суди конститутсионӣ» дар Шӯрои парлумон



Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи охирини Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дар соли равон доир гардид, ки дар он тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи Суди конститутсионӣ» баррасӣ шуд.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар робита иттилоъ дод, дар ҷаласаи Шӯрои ҳамчунин масъалаи тасдиқи созишномаи сармоягузорӣ миёни ҶДММ «ТКН Регар» ва ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи коркарди нафт дар минтақаи саноатии шаҳри Турсунзода» низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласаи Шӯро масъалаи ба ҳуқуқшиносони машғули кор дар дастгоҳи Маҷлиси намояндагон додани унвонҳои дараҷавӣ ва мукофотпулӣ барои муҳлати хизмат низ баррсӣ шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное