Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 30-юми декабр аз ноҳияи Ёвон боздид намуда, бо фаъолияти муассисаҳои иҷтимоӣ – хонаи пиронсолон ва маъюбон ва ҳамчунин мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат шинос шуд.
Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, ба бошандагони ин муассисаҳо нахуствазир аз номи президент туҳфаҳои солинавӣ – сарулибоси зимистона ва шириниҳо тақдим намуд.
Ба иттилои манбаъ, 144 нафар бошандагони хонаи пиронсолон ва маъюбон ва ҳамчунин 219 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернат ба туҳфаҳои солинавии президент соҳиб шуданд.
Зимнан зикр гардид, ки дар мактаб-интернати ноҳияи Ёвон бо иштироки нахуствазир толори нави варзишӣ ифтитоҳ гардид.



