Мусодираи миқдори зиёди маводи мухаддир дар Мурғоб



Кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни чорабиниҳои махсус миқдори зиёди маводи мухаддири нахуст дар соли равонро мусодира намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 1-уми январ кормандони милитсия дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб автомашинаи тамғаи «Митсубиси-Паҷеро» таҳти идораи ронанда Амиралӣ Ҷавови 29-сола, сокини шаҳри Хоруғро ҳамроҳии мусофиронаш Карамалӣ Мардоншоеви 43-сола, сокини ноҳияи Шуғнон ва Аъзам Имомдодови 29-сола сокини шаҳри Хоруғ боздошт мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи мазкур аз дохили бағоҷи он 71 килою 480 грамм маводи нашъадори навъи «ҳашиш» дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Гуфта мешавад, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад. 

spot_imgspot_img

Популярное