Рақобати муовини раиси ҲНИТ бо роҳбари Маркази исломшиносӣ дар интихобот

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Рӯдакӣ роҳбари Маркази исломшиносии назди президенти ҶТ Муродулло Давлатовро номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ кард. Дар ин бора як манбаъ аз ҲХДТ хабар дод. Ёдрас мекунем, ки аз ин ҳавзаи якмандатии интихоботӣ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон номзадии муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит пешбарӣ […]

Аваз Юлдошев



Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Рӯдакӣ роҳбари Маркази исломшиносии назди президенти ҶТ Муродулло Давлатовро номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ кард. Дар ин бора як манбаъ аз ҲХДТ хабар дод.

Ёдрас мекунем, ки аз ин ҳавзаи якмандатии интихоботӣ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон номзадии муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит пешбарӣ шудааст.

Дар даъвати кунунии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ҳавзаи мазкурро номзади аз ҷониби ҲХДТ пешбаришуда Давлаталӣ Давлатзода намояндагӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои наздик ҲХДТ аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Сомонӣ номзадии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Хайрулло Сӯфиевро ба вакилӣ дар парлумон пешбарӣ карланист.

Дар даъвати ҳозираи палатаи поёнии парлумони кишвар ҳавзаи мазкурро низ узви ҲХДТ Галия Рабиева намояндагӣ мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.