«Ашан» тариқи Русия ба бозори Тоҷикистон роҳ меёбад

Яке аз ширкати фурӯшандаи чакана (ритейлер)-и маҳсулоти ғизойии Русия «Ашан Россия», ки яке аз воҳидҳои ширкати фаронсавии «Ашан» аст, бо ширкати Schiever оид ба ифтитоҳи мағозаҳо дар Тоҷикистон шартномаи франшизӣ (додани маҷмӯи ҳуқуқҳо) ба имзо расонид. Дар ин бора дар сомонаи расмии ширкати русиягӣ иттилоъ дода мешавад. Ба иттилои манбаъ, воҳиди русиягии «Ашан» маҳсулоти дар […]

Пайрав Чоршанбиев



Яке аз ширкати фурӯшандаи чакана (ритейлер)-и маҳсулоти ғизойии Русия «Ашан Россия», ки яке аз воҳидҳои ширкати фаронсавии «Ашан» аст, бо ширкати Schiever оид ба ифтитоҳи мағозаҳо дар Тоҷикистон шартномаи франшизӣ (додани маҷмӯи ҳуқуқҳо) ба имзо расонид. Дар ин бора дар сомонаи расмии ширкати русиягӣ иттилоъ дода мешавад.

Ба иттилои манбаъ, воҳиди русиягии «Ашан» маҳсулоти дар Русия истеҳсолшударо таҳти тамғаи тиҷоратии худ ба Тоҷикистон таҳвил медиҳад. Интиқоли маҳсулот аз анбор дар шаҳри Новосибирск сурат мегирад.

Дар маълумот қайд мешавад, ки айни замон дар Русия беш аз 2,5 ҳазор навъи маҳсулот таҳти тамғаи тиҷоратии худии «Ашан» истеҳсол карда мешавад. «Анбори шаҳри Новосибирск тасодуфӣ интихоб нашудааст, зеро аввалан он аз нигоҳи ҷуғрофӣ наздик буда, ҳамчунин дар ин ҷо ҳамаи молҳои таҳти тамғаи мо истеҳсолшуда мавҷуданд. Мо ба таъминкунандагони худ бо дархости ҳамкорӣ бо Тоҷикистон нома фиристодем», – гуфтааст директор оид ба муомилоти франшизии ширкати «Ашан Россия» Эммануэл Тесйе.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки ифтитоҳи нахустин мағоза дар Душанбе бо лавҳаи «Ашан Сити» соли 2015 дар назар аст. Майдони ин мағоза 5 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, навъи маҳсулот аз 12 ҳазор адад иборат хоҳад буд. Дар сурати муваффақона сурат гирифтани нақша, муддати 5 сол дар Тоҷикистон бо ин тариқ боз якчанд мағозаи гиперпмаркетҳои «Ашан» кушода мешаванд.

Гурӯҳи тиҷоратии Aushan яке аз операторҳои бузургтарини савдои чаканаи ҷаҳон ба шумор меравад. Гурӯҳ соли 1961 аз ҷониби Жерар Мюле таъсис дода шудааст. Ба охири соли 2013 ҳайати гурӯҳ беш аз 1,5 ҳазор мағоза бо шумули 774 гипермаркет дар 13 кишвари дунёро дар бар мегирифт. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.