Зимни нишасти хабарӣ дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба рӯзноманигорон иттилоъ дода шуд, ки бо назардошти мавриди амал қарор додани қонуни афв, то ба озодӣ баромадани собиқ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Ёқуб Салимов аз маҳбас қариб як соли дигар боқӣ мондааст.
Ёдрас мекунем, ки 24 апрели соли 2005 Ёқуб Салимов ба 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум карда шуд. Суди олӣ ӯро дар хиёнат ба ватан дар шакли забоняккунӣ бо мақсади ғасби ҳокимият, бандитизм, суистифода аз ваколати мансабӣ гунаҳкор эътироф намуд. Бо қарори суд ӯ аз ҳамаи рутбаҳои низомӣ ва мукофотҳои давлатӣ маҳрум карда шуд.
Дар Прокуратураи генералӣ қайд карданд, ки меъёрҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи афв», ки ахири моҳи октябри соли гузашта қабул шуда буд, нисбати 12 ҳазору 77 нафар мавриди амал қарор гирифтаанд, ки 377 нафарашон занон мебошанд.
«Дар давоми ду моҳ 105 нафар аз афроди мавриди афв қароргиртфа боз барои содир намудани ҷиноятҳои нав ба маҳбасҳо баргаштанд», – гуфтанд дар Прокуратураи генералӣ.



