Ташрифи ҳайати нозирони ИДМ ба Тоҷикистон

Гурӯҳи аввали ҳайати нозирони интихоботи парлумонӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) таҳти сарварии муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Владимир Гаркун рӯзи 12-уми феврал ба Душанбе ташриф меорад. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода дар ин робита иттилоъ дод, ки гурӯҳи асосии нозирони ИДМ, ки онро раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев роҳбарӣ мекунад, наздикиҳои санаи […]

Аваз Юлдошев



Гурӯҳи аввали ҳайати нозирони интихоботи парлумонӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) таҳти сарварии муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Владимир Гаркун рӯзи 12-уми феврал ба Душанбе ташриф меорад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода дар ин робита иттилоъ дод, ки гурӯҳи асосии нозирони ИДМ, ки онро раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев роҳбарӣ мекунад, наздикиҳои санаи баргузории интихобот ба Душанбе меоянд.

Зимнан зикр гардид, ки то имрӯз КМР Тоҷикистон 30 намояндаи Дафтари институтҳои демократия ва ҳуқуқи башари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (ДИДҲБ/САҲА/), 15 наояндаи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва 3 намояндаи Созмони ҳамкории Шанхайро ррасман ба сифати нозирони байнулмилалӣ ба қайд гирифтааст.

Додозода таъкид дошт, ки дар пайгирӣ (мониторинг)-и интихоботи парлумонии Тоҷикистон беш аз 500 нафар нозирони байнулмилалӣ аз созмонҳои ҷаҳониву минтақавӣ ва кишварҳои ҷудогона ширкат хоҳанд варзид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.