Сафири Тоҷикистон дар ҳузури президенти Маҷористон

Санаи 4 феврали соли 2015 дар Будапешт сафири Тоҷикистон дар Маҷористон (бо қароргоҳ дар Вена)  Исматулло Насрединов ба Президенти Маҷористон Янош Адер Эътиборнома супорид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, пас аз маросими супоридани Эътиборнома мулоқоти Президенти Маҷористон (Венгрия)  бо Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки зимни он ҷонибҳо аз сатҳу сифати муносибатҳои кунунии […]

ASIA-Plus



Санаи 4 феврали соли 2015 дар Будапешт сафири Тоҷикистон дар Маҷористон (бо қароргоҳ дар Вена)  Исматулло Насрединов ба Президенти Маҷористон Янош Адер Эътиборнома супорид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, пас аз маросими супоридани Эътиборнома мулоқоти Президенти Маҷористон (Венгрия)  бо Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки зимни он ҷонибҳо аз сатҳу сифати муносибатҳои кунунии Тоҷикистону Маҷористон изҳори назар намуданд.

Дар рафти мулоқот дар баробари масъалаҳои дигар, аз ҷумла, зарурати фаъол намудани ҳамкориҳои гуногунсоҳаи тиҷоративу иқтисодии байни ду кишвар таъкид гардид. Инчунин Президенти Маҷористон оид ба масъалаҳои обу энергетика, вазъияти экологии минтақа, тағйирёбии иқлим ва хатари обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ низ таваҷҷӯҳ зоҳир кард. Президенти Маҷористон, дар иртибот ба ин мавзуъ, аз мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси Рио+20 таърихи 22 июни соли 2012 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузоргардида, ёдовар шуд.

Баъд аз анҷоми мулоқот бо Президент, Сафири  Тоҷикистон ба “Майдони қаҳрамонон”-и шаҳри Будапешт ташриф оварда, ҳамчун нишони эҳтиром ба арзишҳои волои таърихӣ ва фарҳангии мардуми ин кишвар бар пояи муҷассамаи қаҳрамонон гулчанбар гузошт. Маросими гулчанбаргузорӣ бо иштироки афсарони горди фахрӣ сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.