Аксияи муштараки Кумитаи телевизион ва КМИР ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба интихобот

Комиссия марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумати ҷумҳурӣ рӯзи 17 феврал аксияи умумиҷумҳуриявӣ миёни ҷавонон таҳти унвони «Ман худам овоз медиҳам»-ро оғоз намуд. Роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманннон Додозода дар ин робита иттилоъ дод, ки ин чорабинӣ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар доир гардида, ҳадаф аз он ҷалби […]

Аваз Юлдошев



Комиссия марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумати ҷумҳурӣ рӯзи 17 феврал аксияи умумиҷумҳуриявӣ миёни ҷавонон таҳти унвони «Ман худам овоз медиҳам»-ро оғоз намуд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманннон Додозода дар ин робита иттилоъ дод, ки ин чорабинӣ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар доир гардида, ҳадаф аз он ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба иштирок дар маъракаи интихоботии парлумонии санаи 1-уми март таъиншуда аст.

«Назарпурсии аз ҷониби КМИР доиргардида нишон дод, ки як қисмати муайяни интихобкунандгони ҷавон дар бораи интихоботи қарибулвуқӯъ тасаввуроти кофӣ надоранд», – қайд кард Додозода.

Ба гуфтаи ӯ, дар рӯзи аввали аксия ихтиёриён аз ҳисоби донишҷӯёни макотиби олӣ дар макони сериздиҳом ба ҳамсолони худ шиору лавҳа, буклет ва тақвимҳо дар бораи интихоботро тақсим кардаанд.

«То ахири аксия ба ҷавонон беш аз 40 ҳазор нусха маводи таблиғи интихобот бо номҳои «Ман худам овоз медиҳам», «Ман худро канор мегирам» тақсим карда хоҳанд шуд», – зикр кард намояндаи КМИР.

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки то интихобт раҳбарияти КМИР Тоҷикистон бо донишҷӯёни макотиби олии кишвар вохӯриҳо мегузаронад. «Аксияи «Ман худам овоз медиҳам» имрӯз дар бозорҳои бузурги пойтахт доир мегардад», – афзуд Додозода.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.