КМИР ирсоли варақаҳои раъйдиҳӣ ба минтақаҳоро шурӯъ мекунад

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон нашри варақаҳои раъйдиҳӣ барои интихоботи парлумонии ба санаи 1-уми март таъиншударо ба итмом расонид. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода дар ин робита иттилоъ дод, ки имрӯз варақаҳои овоздиҳӣ ба ҳавзаҳои интихоботӣ фиристода шуда, ду рӯз қабл аз санаи овоздиҳӣ ба ихтиёри қитъаҳои овоздиҳӣ супурда мешаванд ва таҳти […]

ASIA-Plus



Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон нашри варақаҳои раъйдиҳӣ барои интихоботи парлумонии ба санаи 1-уми март таъиншударо ба итмом расонид.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода дар ин робита иттилоъ дод, ки имрӯз варақаҳои овоздиҳӣ ба ҳавзаҳои интихоботӣ фиристода шуда, ду рӯз қабл аз санаи овоздиҳӣ ба ихтиёри қитъаҳои овоздиҳӣ супурда мешаванд ва таҳти назорату посбонии намояндагони мақомоти ҳифзӣ ҳуқуқ қарор мегиранд.

«Варақаҳои овоздиҳӣ асосан бо забони давлатӣ  ва ҳамчунин русиву ӯзбекӣ ва қирғизӣ ба чоп расидаанд», – иброз дошт намояндаи КМИР ҶТ.

Қобили зикр аст, ки дар интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъ ҳамаи 8 ҳизби сиёсии кишвар иштирок мекунанд. Ба ҷуз интихоби вакилон ба парлумон, дар як вақт интихобот ба маҷлисхои маҳаллии вакилони халқ низ доир мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.