Таваҷҷуҳи нозирони САҲА ба иштироки занони тоҷик дар интихобот

Роҳбари ҳайати нозирони САҲА Микшол Харастӣ ва коршинос оид ба масъалаҳои сиёсӣ хонум Даря Папротска рӯзи 19 феврал аз дафтари кории ҲНИТ боздид намуда, бо узви раёсати олии ҳизб, номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон хонум Зарафо Раҳмонӣ мулоқот карданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, зимни ин мулоқот намояндаҳои САҲА оиди ширкати занон дар интихобот […]

ASIA-Plus



Роҳбари ҳайати нозирони САҲА Микшол Харастӣ ва коршинос оид ба масъалаҳои сиёсӣ хонум Даря Папротска рӯзи 19 феврал аз дафтари кории ҲНИТ боздид намуда, бо узви раёсати олии ҳизб, номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон хонум Зарафо Раҳмонӣ мулоқот карданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, зимни ин мулоқот намояндаҳои САҲА оиди ширкати занон дар интихобот ва мушкилоти заноне, ки ҳамчун номзад ба фаъолияти пешазинтихоботӣ машғуланд, суҳбат намуданд, ки на танҳо ба Ҳизби наҳзат, балки ба дигар аҳзоби сиёсӣ низ рабт дошт.

Гуфта мешавад, илова бар ин дар робита ба ҷойгоҳ ва нақши зани тоҷик дар раванди интихобот ва то чӣ ҳад таъсири он суҳбат ва табодули назар сурат гирифт.

Зимнан зикр мегардад, ки баробари расидани маъракаи пешазинтихоботӣ ба Маҷлиси намояндагони МО ҶТ намояндаҳои созмонҳои хориҷӣ бо масъулини баландпояи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон суҳбату вохуриҳои зиёде дар қароргоҳи марказии ҳизб баргузор менамоянд, инро аз як ҷониб метавон хуб арзёбӣ кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.